Oshiq

Хазорон чон ба курбон дорад ошик,
Фидокорест паймон дорад ошик.
Фарози хафтгунбад кай писандад.
Макон дар куи чонон дорад ошик.
Хамеша еди чонон аст уро.
Хамин як давру даврон аст уро.
Ба навмеди нишаста ох гуфтан.
Бех аз тахти Сулаймон аст уро.
Нишинад ед созад ед созад.
Ба еди хотири худ шод созад.
Ба пиндору хаели орзухо.
Хаети хешро обод созад.
Ба дидан руи хандон дорад ошик.
Ба пинхон чашми гирен дорад ошик.
Ба мисли ашки модар софу сузон.
Дар сина ишки пинхон дорад ошик.
Зи дуне номи нек уммедвор аст.
Зи фардо кисмати нек интизор аст.
Ба чашми ер сачда кори худро.
Ба еди ер хар чо рахсипор аст.
Агар чонона ахволаш начуяд.
Ба у аз мехр як харфе нагуяд.
Ба души у бияфтад бори олам.
Надорад чора танхо ох гуяд.
Дили ман эй дили ман сохибат ку?
Хаводорат кучо шуд толибат ку?
Бурун аз базм чун тори гусаста.
Хошуши гуй охир мутрибат ку?
Дили шабзиндадоре дорад ошик.
Гуруре ифтихоре дорад ошик.
Чавони ошики хичрону дидор...
Хаминхо ёдгори дорад ошик!



Credits
Writer(s): шеъри устод лоиқ шералӣ
Lyrics powered by www.musixmatch.com

Link