Ey Eshgh

Боз шаб фаро расид.
Чун шаб фаро мерасад,
яке паи эчоду хаёл меравад
яки дигар пахлуи ёри худ
то ки ташнагии дидор бишканад,
нафаре бошад тифли дуструяки худро
бо аллахои модаронаву навозишхои ширин
ба хоб рафтан омода месозад.
Дигаре бошад танхо нишаставу
ёде меорад аз рузи паси сар намудааш
агарчи руз бобарор буд чи хубест.
Агарчи на паи андешахои гуногун меравад.
Чи рузи баде буд барои ман ва бо хамин
ормонхои бишкаставу дилхои боз хам гамгин
сар ба бистари хоб ниходам.
Эй ишк. Шабро дуст медорам
чунки ба хотири ту сар ба болин мегузораму
ёди туро мекунам.
Орзу мекунам, ки дидори ту дар хобам муяссар шаваду
туро дар хоб бубинам.
Оромии шаб мехохам бо тамоми овозам фарёд занаму
номи туро гирам.
Мехохам овозам ба гуши туи бехабар расад
ва шояд ту заррае хам бошад маро ба ёд ори.
Мехохам акнун бо тамоми овозам бигуям, ки
дустат медорам то хама бишнаванд.
Шабро боз ба он хотир дуст медорам ки
танхо бо моху ситорагон розу ниёз мекунам.
Ба онхо хасад мебарам ки туро мебинанд.
Аммо ман факат орзуи туро мекунаму халос.
Мехохам ки дар хобат дароям
ва шояд ту сахар бо хайрони маро ба ёд биёри
ва лахзае хам бошад фикри мани дилшикастаро куни
эй ишк.



Credits
Writer(s): парвиз шарипов, шеъри устод лоиқ шералӣ
Lyrics powered by www.musixmatch.com

Link