ёд дори

Ёд дорӣ соатеро, ки ба бар
Куртаи парпаргиребон доштӣ?
Бо табассум сӯи ман меомадӣ,
Рӯи раҳ нозу адо мекоштӣ?
Ёд дорӣ соатеро, ки ба ту
Мисли тифли навзабон гап мезадам,
Дар дилам сад достон буду вале
Ларз-ларзон пеши ту меомадам?
Ёд дорӣ бегаҳеро, ки ба боғ
Аз таҳи бозуи ту медоштам,
Завқ мекардию қаҳ-қаҳ мезадӣ,
Ноз мекардию мебардоштам?
Оҳ, мебинам туро ҳоло дигар,
Дар бари рухсораат чину шикан.
Ёд меояд маро з-айёми нек,
Ки ҷавонӣ буду ту будию ман.
Олами пиндори ишқу ошиқӣ
Пеши чашмонам нагардида падид,
Пардаи пиндор нобардошта,
Байни мову ту ҷудоӣ даррасид.
Зиндагонӣ бурд аз наздат маро,
Бурд бо сад роҳҳои печу хам.
Гарчи аз ёдам нарафтӣ, лек ман
Дур будам, дур аз ту, эй санам.



Credits
Writer(s): шеъри устод: лоиқ шералӣ
Lyrics powered by www.musixmatch.com

Link