Eshghe Yektarafe

Салом азизам: Агар нафаре аз ту суол кад, ки
Бадтарин бадтарин банда барои ту кист?
Ту аз ман ёд овар, чунки ба ту накуи кардан мехостам
Аммо надонистам, ки дар чашмат
Бадтарин менамояму ранчида мерави
Агар рузе аз марги ман ба ту хабар диханд шод шав
Зеро тири берахми ту ба калбам
Расиду аз захмаш халок шудам
Агар рузе туро носозгорихои кисмат хаста карду
Ба гиря оварад ашк марез, зеро ман тамоми
Умр ба хотири ту хун мегирям. Ба ту гуфтам, ки
Ба чашмам нигару посухи мухаббати маро дех
Аммо ту чавоб надорам гуфти
Медони ту маро фаромушам кардан мехохи
Аммо ман туро дуст медорам то абад
Хануз дар кунчи калбам оташе пинхон месузад
Хануз гирди сарам парвонаосо чон месузад
Хануз дар еди он ер хар шому хар бегох
Бисухта об гашта, калби ман гирен месузад
Чафои ин чахон дар калби ман чун захми носурест
Гусаста риштаи умеди ман хайрон месузад
Шикасту рехт охир косаи сабру чудоихо
Даруни синаам хам ваъдаву паймон месузад
Надонистанд кадри шеърхои сузнокамро
Фиканда зери по хам дафтару девон месузад
Ман аз бечораги гуфтам видоъ, эй ери ширинам
Бикун бовар азизи ман маро вичдон месузад
Ба чашми ишк боре, назар дузи ба холи ман
Даруни синаи ман, бубини чон месузад

Ман агар хуршед гардам месузам чони туро
Гар шавад борон гардам шуям мичгони туро
Тарки дидорам намудихамчунон бо дарду гам
Тарк месозам туро ман нашкаста армони туро
Баъд аз имруз ошкоро дуст медорам туро
Аз ту чун пушам нигоро, дуст медорам туро
Дар вучуди ман зи хасти хар сари муе,ки хаст
Дуст медорам маро, то дуст медорам туро



Credits
Writer(s): Parviz Sharipov, парвиз шарипов
Lyrics powered by www.musixmatch.com

Link