Гариби

Ман гарибам, эй Худоё, чабр бар чонам макун,
Аз фироки наздиконам дидагирёнам макун.
Дасту пои солимам дех, то ки ёбам ризки худ,
Пеши мардум мунтазири бурдаи нонам макун.
Обрую эътиборам дех миёни одамон,
Сархаму бе кадру киммат пеши ёронам макун.
Нокасон аз беимони калби одам бишкананд,
Пеши нокас мазлуму мухточу нолонам макун.
Ту ба хар фарзанди ман одобу инсофаш бидех,
Дар дами пирии ман дар куча сарсонам макун.
Дорам уммеди калон аз рахматат Парвардигор,
Эй Худо, асло чудо аз дину имонам макун.
Ғариб чашмони тар дорад Худоё,
Ғаму ғурбат ба сар дорад Худоё,
Тани нимҷону қалби пора-пора
Ғарибӣ сад хатар дорад Худоё.

Ғариб дар ҳасрати дидори ёр аст,
Ғариб лабташнаасту бемадор аст.
Дили ором надорад ҳеҷ ғарибе,
Ғариб андар ғарибӣ дилфигор аст.

Ғарибӣ қотили ҷон аст ёрон,
Ғарибӣ сузу ҳиҷрон аст ёрон,
Раҳо бинмо Худо аз панҷаи марг,
Ғарибӣ марги инсон аст ёрон.

Ғариб дар мулки ғайр мисли гадо аст
Ба ёди мулки худ обу адо аст.
Худо гуён шабу рӯз нола дорад,
Нигаҳдори ғарибон худ Худо аст.

Ғариб аз хоб хезад оча-гӯён,
Чаро зодӣ маро эй очаи ҷон.
Чӣ қасде доштӣ дар зиндагонӣ
Маро бар рӯйи зорат кардӣ пазмон.

Ғариб ҳаргиз макун ҷони ҷавонам,
Мабар дар зиндагонӣ бенишонам
Маро дар мулки худ бинмо ато ризқ,
Худованди бузургу меҳрубонам!

Ëр ëрият накард,беëр одат мекунӣ,
Гул агар қисмат нашуд,бо хор одат мекунӣ!
Панди Пайғамбар пазиру аз Худоят ëд кун,
Бо дуо,бо зикру истиғфор,одат мекунӣ.
Нест осон,зистан дар олами биму хатар,
Ҳеҷ маҷӯ осонӣ,бо душвор одат мекунӣ!



Credits
Lyrics powered by www.musixmatch.com

Link