Гариб чашмони тар дорад Худоё

Ғариб чашмони тар дорад Худоё,
Ғаму ғурбат ба сар дорад Худоё,
Тани нимҷону қалби пора-пора
Ғарибӣ сад хатар дорад Худоё.

Ғариб дар ҳасрати дидори ёр аст,
Ғариб лабташнаасту бемадор аст.
Дили ором надорад ҳеҷ ғарибе,
Ғариб андар ғарибӣ дилфигор аст.

Ғарибӣ қотили ҷон аст ёрон,
Ғарибӣ сузу ҳиҷрон аст ёрон,
Раҳо бинмо Худо аз панҷаи марг,
Ғарибӣ марги инсон аст ёрон.

Ғариб дар мулки ғайр мисли гадо аст
Ба ёди мулки худ обу адо аст.
Худо гуён шабу рӯз нола дорад,
Нигаҳдори ғарибон худ Худо аст.

Ғариб аз хоб хезад оча-гӯён,
Чаро зодӣ маро эй очаи ҷон.
Чӣ қасде доштӣ дар зиндагонӣ
Маро бар рӯйи зорат кардӣ пазмон.

Ғариб ҳаргиз макун ҷони ҷавонам,
Мабар дар зиндагонӣ бенишонам
Маро дар мулки худ бинмо ато ризқ,
Худованди бузургу меҳрубонам!



Credits
Lyrics powered by www.musixmatch.com

Link