Гариб Бача

Боз бе ман рӯзи мавлуди бародар мешавад,
Боз бе ман зодрӯзу ҷашни модар мешавад.

Боз бе ман соли нав ояд ба гулбоғи Ватан,
Боз бе ман дар диёрам соли дигар мешавад.

Боз бе ман ҷамъи ёронам ба даргоҳи падар,
Боз бе ман ҷумла гирди хони додар мешавад.

Боз бе ман дӯстонро мешавад соле фузун,
Соли ман ҳам дар ғарибиҳо фузунтар мешавад.

Боз бе ман тӯй бошад хонадони халқи ман,
Боз бе ман нурборон хонаву дар мешавад.

Боз бе ман ҳамдиёронам сарафрозӣ кунанд,
Боз бе ман дар маконам шодиҳо сар мешавад.



Credits
Lyrics powered by www.musixmatch.com

Link